13 Ноябр 2024 - 18:52
Русия нигарон аз ҳузури НАТО дар Осиё / аъзои аврупоии НАТО нигарон аз Трамп

Ба гуфтаи вазири хориҷаи Русия, Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба дунболи сайтара бар Авруосиё ва Осиё – Пасифик аст.

Порс тудеё- Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар нишасти Камиссиони шурои умумии ҳизби “Русияи муттаҳид” дар бораи ҳамкориҳои байналмилалӣ гуфт: НАТО ба дунболи густариши гегемонияи худ дар саросари Авруосиё ва Осиё – Пасифик аст.

Ба гузориши Порс тудей, Лавров афзуд: НАТО дар солҳои ахир дар ҳоли густариш ва ба дунболи нақши султагар на фақат дар ғарби қораи мо, балкӣ дар саросари онаст ва эълом мекунад, ки густариши нуфузаш ба минтақаи Осиё – Пасифик ташкили блокҳои узвияти инҳисорӣ дар онҷо барои амнияти аъзои НАТО бисёр муҳим аст.

Ғайриқобили пешбинӣ будан муҳимтарин вижагии Трамп дар қиболи НАТО аз нигоҳи “Шӯрои Атлантик”

Филип Дикинсон, таҳлилгари аршади “Шӯрои Атлантик” ва муовини мудири ибтикори амнияти Тронс Атлантик дар ин утоқи фикри амрикоӣ, муътақид аст, ки мардуми Аврупо барои як давраи тулонӣ дар соли гузашта аз худ мепурсиданд, ки оё мумкин аст, НАТО аз пайёмадҳои интихоби дубораи Доналд Трамп масун бимонад, онҳо умедвор буданд, ки мардуми Амрико Трампро интихоб накунанд ва ҳаргиз маҷбур нашаванд ба посухи ин пурсиш барисанд.

Newsweek Week низ навиштааст: Кишварҳои узви НАТО дар ҷаласоте талош мекунанд аз ин масъала итминон ҳосил кунанд, ки Трамп натавонади ҳимояти Амрикоро аз Украина коҳиш диҳад.

342/